Садамаи маргбор! Мошин ба дарёи Сир сарозер шудааст
Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои як садамаи маргбор иштирок кардаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, аз ин ҳодиса соати 00:20-и рӯзи 1-уми сентябр ба қисми навбатдорӣ хабар додаанд. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин рух дода будааст.
Мошини тамғаи “Опел Астра GI”, ки аз ҷониби як сокини 43-солаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б. Ғафуров идора мешудааст, ба умқи тахминан 15-20 метр ба соҳили дарёи Сир сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо воситаи таҷҳизоти куҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуда ва ҷасади ронандаро аз дохили мошин берун овардаву ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Сабаби ин садамаи маргбор маълум нест. Аммо мақомот гуфтаанд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ