Садамаи марговар дар Норак. (3 акс)

Санаи 16 январи соли ҷорӣ дар деҳаи Чашмаи ҷамоати Дуконии шаҳри Норак, соати тахминан 12-21-и шаб садамаи нохуше ба вуқуъ пайваст, ки якбора ҷони се ҷавонро рабуда, пайвандони як авлодро мотамзада гардонд.

Як нафар шоҳиди ҳодиса ба хабарнигори «Тajikistantimes.com» оиди садама чунин гуфтааст.
Рузи сар задани фоҷеа сари чанбараки мошини тамғаи Опел хечбек Манучеҳр Бекови 24 сола менишаст, ки як ҳафта қабл аз Русия омада, бо пули дар мардикорӣ ҷамъ кардааш мошини амаки худро харида буд. Манучеҳр бо се хешбачаи худ ба хонаи яке аз хешовандонашон ба меҳмонӣ раҳсипор гашта, дар роҳи купруки Чашма аз ӯҳдаи идора кардани мошин баромада натавониста, ба ҷарӣ сарозер мешавад. Дар ин ҳангом гази мошин кафида, як нафар зинда мемонаду се нафари дигар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаандки яке аз онҳо Манучеҳри 24-сола аст.

Ҷисми дар лахча мубаддалгаштаи Манучеҳрро базур аз даруни мошини сухтаистода бароварда, зуд кормандони мақомотро ба ҷои ҳодиса даъват мекунанд, аммо то бозгашти пулисҳо мурдаҳо ҷон ба ҳақ месупоранд.
Тавре ҷавони зиндамонда, нақл кардааст, баъди ба ҷарӣ сарозер шудани мошин ман аз бӯйи ғализи газ беҳуш шуда будам, охирин қувваи худро ҷамъ карда, ду нафари дар мошин бударо бо азобе ба берун мебаровардад, вале зурам барои баровардани ҷавони сеюм нарасид.
Ӯ бо чашмони пурашк мегӯяд, ки дар ин ҳангом гази мошин таркид, оҳани вазнини он ба болои ҷавонони аз мошин баровардашуда афтида, риштаи ҷони дар рамақбудаи онҳоро ки беҳушу беёд мехобиданд, ба якборагӣ канда гардонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *