Садамаи мудҳиш дар Файзобод (Аксҳо)
Бино ба иттилои рассонаҳо, шоми 18 январ, соати 18:57 ба вақти Душанбе дар километри 41— умишоҳроҳи Душанбе -Лахш дар назди деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод садамаи сахти автомобилӣ ба вуқуъ омад. Дар садама се автомобили сабукрави тамғаҳои Опел Астра, Ҳпел Ҳечбек ва Мерседес бо ҳам бархӯрданд. Ронандаҳо ва мусофирони ин мошини бар асари садама сахт осебдидаро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ