Садамаи нақлиётӣ: Мусофири «Киа Рио» дар беморхона бистарӣ шуд

Имрӯз, 28-уми ноябр тақрибан соати 13:10 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа Рио», рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05, Ҳалимов Хуршед Идибекович, дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои кӯпруки хиёбони И. Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бархӯрдааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки бо таги кӯпрук ҳаракат мекард, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст.

Ҳамзамон, воситаи нақлиёти тамғаи «Киа Рио» низ аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н. Ганҷавӣ сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи садамаи мазкур танҳо як нафар мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Киа Рио», ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *