Садамаи нақлиётӣ Таронаро аз ҳаёт маҳрум сохт
Дар деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент дар пайи садамаи нақлиётӣ як хонандаи мактаб ҳалок шудааст.
Ҳодисаро имрӯз, 31 октябр рӯзноманигор Холиқназар Ҷумаев саҳифаи Фейсбук хабар дод.
Тибқи иттилои ин журналист, ҳодиса 30 октябр рух дода, Ниёззода Тарона, хонандаи синфи 2 дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Гуфта мешавад, ки ин ноболиғ дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекардааст. Дар ин деҳа зиёда аз 350 кӯдаки синну солашон то 18 — сола зиндагонӣ мекунанд.
Аз сабаби он, ки дар деҳа бинои мактаб нест, ин кӯдакон барои таҳсил ҳар рӯз ҳудуди 7-8 км роҳро тай карда, ба деҳаҳои ҳамсоя — Гулистон ва Марғедар мераванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ