Садамаи нохуш боиси марги ронанда гардид

Бар асари бархӯрди як мошини Тойота бо Мерседес дар рӯбарӯи бозори «Мадад” дар пойтахт Эҳсонҷон Ҷалолови 27-сола ба ҳалокат расидааст. 

2-юми сентябри соли 2017, тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота ЛК-200”, Асоев Низомиддин Асрорович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Ҷомӣ аз самти кӯчаи Р.Набиеви пойтахт ба самти кӯчаи Борбад, дар рӯ ба рӯи бозори «Мадад” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ҷалолов Эҳсонҷон Рафиқҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, шаҳрванд, Ҷалолов Э.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *