Садамаи сархӯр

Бар асари ба дарёи Ғунд чаппа шудани як мошини тамғаи «Чанҳу” мудири боғчаи кӯдакони ноҳияи Шуғнон Гулчеҳра Одилбекова ба ҳалокат расида, дар натиҷаи бархӯрди ду мошин дар роҳи Сарбанд- Данғара Сулаймон Боқиев аз ноҳияи Темурмалик ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои фаврии рӯзи 4 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати 2 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ

2-юми декабри соли 2017, тахминан соати 07:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху”, Давлатшоев Салим Саидшоевич, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Чарсеми ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хоруғ-Мурғоб-Қулма”, дар мавзеи Риговеви ҷамоати деҳоти Сучон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 4 метр ба дарёи Ғунд чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Одилбекова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Миденшор, директори боғчаи кӯдакони н.Шуғнон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири дигари автомашинаи мазкур, Мирзоназаров Фируз Дурманҷаевич, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Дебаста, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
3-юми декабри соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҷаҳонгири Юсуф, соли таваллудаш 1993, сокини н.Балҷувон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ш.Сарбанд-Данғара дар ҳудуди деҳаи Томчи бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Зил-130», таҳти идораи ронанда, Тавашаров Худойбердӣ Боймуродович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Ҳосилобод, ки аз самти н.Данғара ба самти ш.Сарбанд ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра” буда, Эмомова Саймо Ятимовна, соли таваллудаш 1963, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст ва Боқиев Сулаймон Мирзомуродович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Темурмалик, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тасарруфи маблағ бо роҳи зӯроварӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 45-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми декабри соли равон, шахсони номаълум дар назди канали «Ёқсӯ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо тариқи ошкорро аз ҷайби куртаи дар танаш буда, 8500-сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар зани 33-сола ва 3 марди 27, 29 ва 31-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд. Далели шайъӣ қисман гирифта шуд.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лату кӯб ва ғорат намудани маблағу телефон

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро бо гумони ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 17-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 05:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ӯро зери лату кӯб қарор додааст. Сипас бо роҳи ошкоро аз ҷайби кастюмаш 100-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-5”, ки арзишаш 1400-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2008, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 28-солаи сокини кӯчаи Гулбутта муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2012 зани 28-солаи сокини кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ба номи ӯ аз бонки «Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 8500-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 76-солаи сокини ш.Турсунзода муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2014 марди 53-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 57-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2013 марди 31-солаи сокини н.Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи 28000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2011, марди 38-солаи сокини кӯчаи Бунни Ҳисораки шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Ниссан-Зафира”-ро ба маблағи 3000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Гумонбаршудагон дар ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.
Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *