Садамаи тайёра,касе зинда намонд…

Ҳавопаймои мусофирбари Эфиопия дар роҳ ба сӯи Найроби, пойтахти Кения, суқут кард

Ҳавопаймои мусофирбари Эфиопия дар роҳ ба сӯи Найроби, пойтахти Кения, суқут кард. Дар ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфтанд, ки «Боинг 737» 149 мусофир ва 8 сарнишин дошт. Дар миёни онҳо се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Сербистон будаанд.Хабаргузори «Рейтерс» гуфт, ки дар натиҷаи садама касе зинда намондааст.Ҳодиса рӯзи 10-уми март дар наздикии шаҳри Бишофту ва пас аз шаш дақиқаи парвоз аз пойтахти Эфиопия, шаҳри Аддис Абаба, иттифоқ афтодааст.Қаблан сухангӯи ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфта буд, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз шудааст. Иллатҳои суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест.Сарвазири Эфиопия ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *