Садаме,ки боиси марги ронанда гашт
Бино ба иттилои ВКД 6-уми июни соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Долун” марди 54-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ