Садбаргҳои “мусулмонӣ” рамзи дусти бо аврупоиҳо
Мусалмонҳои Бритониё бо роҳандозии як иқдом рӯйи пули Лондон ба роҳгузарон 3000 садбарг тақдим кардаанд.
Ахиран, дар пайи як амали террористӣ дар рӯи ин пул 8 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мусалмонҳо бо тақдими гулҳо изҳори ҳамдардии худро ба зарардидаҳои ин фоҷиа изҳор доштаанд.
“Баъди ҳодисаҳои рӯзҳои истироҳати гузашта мо як жести рамзии муҳаббатро роҳандозӣ кардем. Ҳадаф ин аст, ки мо барои тахриби ҳеч пуле, бо шумули пули Лондон иҷоза намедиҳем”,-гуфтааст Закия Бассу, яке аз мубтакирони ин ицдом ба расонаҳо.
Ба навиштаи расонаҳо, сокинони Лондон аз ин иқдом истиқбол кардаанд. “Фикр мекунам, ин намунаи барҷастаи он аст, ки Лондон дар асл чӣ гуна аст”,-изҳор доштааст Элида Эрколано.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ