Садоқат ба қалам. Ба муносибати 70-солагии Абдумудассир Аҳмадзода

Санаи 6-уми январ яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик, собиқ муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сармуҳаррири нашрияи “Оила”, журналисти соҳибмактаб Абдумудассир Аҳмадзода ба синни мубораки 70 расиданд… 

Нони муаллим

“Ман бо нони муаллим ба воя расидаам”,- мегӯянд ҳамеша Абдумудассир Аҳмадзода бо ифтихор. Ва далели ба сухан ва ба қалам дил бастанашонро ҳам ба муҳити хонаводагиашон иртибот медиҳанд.

— Дар замони шуравӣ мутолиаи китоб як бахши муҳими зиндагии мо буд. Дар баробари китоб мо ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна мешудем. Баъзе нашрияҳо барои обуна шудан лимит доштанд. Бинобар ин, талош мекардем, ки аз обуна дер намонем…,- ба ёд меоранд.

Ва барои журналистони ҷавон устод Абдумудассир Аҳмадзода мутолиаро омили муҳимтарин арзёбӣ мекунанд.

Ёд дорам, ки чанд сол пеш (вақте идораи “Тоҷикистон” дар “Шарқи озод буд) як гурӯҳ донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ омаданд. Дар болои сари муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдумудассир Аҳмадзода як портрети Эрнест Хемингуэй — нависандаи бузурги амрикоӣ овезон буд. Яке аз донишҷӯён пурсид:

— Устод, ин акси кист?

Устод Аҳмадзода, ки шӯх ҳам ҳастанд, бо қиёфаи ҷиддӣ посух доданд:

— Ин акси бобоям Мулло Аҳмад. Сиёҳҷурдагии ман мерос аз эшон аст. Насабам ҳам.

Донишҷӯён ҳам бовар карданд. Фақат яке гуфт:

— Мулло Аҳмади бобоятон қиёфа ва либоси аврупоӣ доштааст…

— Ҳамин ту журналист мешавӣ,- гуфтанд Аҳмадзода ва идома доданд,- гарчанде маълум аст, ки мутолиа надорӣ, нависандаи бузурги ҷаҳониро намешиносӣ, вале ту кунҷковӣ дорӣ. Аз миёни 10 нафар фақат ту дарк кардӣ, ки Мулло Аҳмад наметавонад чунин либос дошта бошад…

Ҳам бо қалам, ҳам бо яроқ

Набераи хатмкардаи мадрасаи Бухоро Мулло Аҳмад ва писари Мутаваккили муаллим Абдумудассир 6-уми январи соли 1954 дар деҳаи Заврони ноҳияи Панҷакент, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1971, пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсар ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1976 бо ихтисоси журналист хатм намудааст.

Як муддат дар Панҷакент ба ҳайси котиби масъули ҷамъияти “Китобдӯстон” фаъолият дошт. Сипас, аз соли 1978 то соли 1981 муаллими мактаби миёнаи №33 ва аз соли 1981 то соли 1984 ҳамчун сардори ситоди Мудофиаи гражданӣ дар совхози “Навобод” кор карда, аз ҳамон ҷо чун афсари эҳтиётӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон  фиристода мешавад. То соли 1987 дар он кишвар чун тарҷумони ҳарбӣ дар Раёсати Кашфи Ситоди Генералии Артиши Шуравӣ хизмат кардааст. Унвони ҳарбии майор дошта, бо ордени “Ситораи сурх” ва чанд медал мукофотонида шудааст. Аз соли 1987 то соли 1990 раиси Кумитаи назорати халқии совхози Навобод буд. Аз соли 1990 оғоз намуда, чанд сол корманди Радиои Тоҷикистон буд. Аз соли 2000 то соли 2003 дар газетаи парлумонии “Садои мардум” чун рӯзноманигор фаъолият дошт. Аз соли 2003 то соли 2021 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аввал ба ҳайси мудири шуъба, баъдан дар вазифаи муҳаррир кор кардааст. Муддате сармуҳаррири нашрияи “Оила” буд.

Ҳоло машғули фаъолияти эҷодист.

Соҳибмактаб

Лаҳзаи таҷрибаомӯзӣ омадани донишҷӯёнро ба ёд оварда, намешавад аз мактаби Абдумудассир Аҳмадзода нагуфт. Мактаби эшон даҳҳо журналисти соҳибкасбу бообрӯро ба матбуоти тоҷик додааст, ки миёнашон сармуҳаррир, муҳаррир ва журналистони расонаҳои байналмилалӣ ҳам ҳастанд.   

Устод Абдумудассир Аҳмадзода муаллими сахтгиранд. Хеле сахтгир. Дар вақти кор ба шогирд раҳм надоранд.

— Имрӯз сухани ман туро дард кунад, фардо мард мекунад. Журналисти ҳақиқӣ шудан хоҳӣ, тоқат кун, ба эродҳоям гӯш деҳу дигар иштибоҳатро такрор накун!,- мегӯянд.

Вале дар ҳама маврид шогирдашонро ҳимоя мекунанд. Борҳо шудааст, ки шогирдон аз камтаҷрибагиву ҷавонӣ бо кормандони мақомот, мансабдорон ва ё нафарони алоҳида бархӯрд мекарданд. Дар чунин мавридҳо Абдумудассир Аҳмадзода ба ҳеҷ ваҷҳ шогирдашонро танҳо намегузоранд.

Мо шогирдон ҳамеша аз ғамхории эшон баҳраманд будему ҳастем.

Интизоми кор

Чун Абдумудассир Аҳмадзода шахси низомӣ ҳастанд, интизоми кор барояшон ҳамеша муҳим аст. Солҳое, ки ҳамроҳ кор мекардем, соати 7 аллакай дар ҷойи кор буданд. Қабл аз омадани котиба, ҳуҷраро ҳаво дода, дар зимистон гарм ва дар тобистон салқин карда, чой дам мекарданд. Мо кормандон ҳам як-як аз дар даромада, чойи кабудро нӯши ҷон мекардему аз пайи кор мешудем.

Дарси дигари муҳими Аҳмадзода барои мо шогирдон ҳалол кор кардан аст. Эшон ҳеҷ гоҳ манфиати шахсиро аз корӣ боло намегузоранд.

Қатъӣ мегуфтанд:

— Рӯзи чоршанбе — рӯзи ба чоп фиристодани газета, журналист бояд ҳама чизро фаромӯш кунад. Дар ин рӯз беморӣ, ҷанозаву фотеҳахонӣ, тӯю зиёфатхӯрӣ… нест!

Ва мо ҳам дар давоми фаъолияти корӣ бо ҳамин шиор кор мекунем.

Як воқеаро нақл мекунам. Як сол устод Аҳмадзода ба Панҷакент рафтанду аз сабаби боридани барфи зиёд роҳ баста шуд. Кадом қиссаи эшон дар “Оила” давомдор чоп мешуд. Дар деҳа барқ нест, ки онро бо интернет фиристанд. Як бахши қиссаро пурра бо телефон хонданду касе ин ҷо онро рӯйбардор кард…

Як соли дигар хоҳари калонашон бандагӣ кард. Ёд дорам, ки рӯзи ҷумъа ба Панҷакент рафта, рӯзи сешанбе аллакай дар кор буданд…

Ҳақиқатнигорӣ

— Журналисти ҳақиқӣ он аст, ки ба мушкилоти ҷомеа бетараф набошад, дар ҳама ҳолат ҳақиқатро гӯяд,- пайваста таъкид мекунанд Абдумудассир Аҳмадзода.

Худи эшон як умр бо ҳамин принсип кор карданд. Эшон чун муҳаррири яке аз нашрияҳои бонуфуз имкон доштанд, ки бисёр чизҳоро ба даст оваранд, вале… Як умр бо нони ҳалоли қалам зиндагӣ карданд ва сар хам кардан пеши ҳар касу нокасро ба худ раво надиданд. Ҳамин аст, ки ҳатто китобҳояшонро нашр карда натавонистанд, ягон унвону ҷоиза нагирифтанд… Ҷоизаи бузургтарини эшон эҳтироми мардум ва шогирдонашон аст.

Қуллаи 70

Имсол устоди мо Ҳоҷӣ Абдумудассир Аҳмадзода 70-сола шуданд. Шукр, ки дар ҳамин синну сол ҳам ҳанӯз пурэнержӣ ва дар кори эҷодӣ ҷӯёву пӯё ҳастанд. Бо се-чор нашрия ҳамкорӣ доранд.

— Гарчанде журналистика журналистикаи қаблӣ нест, вале нанавишта наметавонам. Бекор шавам, бемор мешавам,- мегӯянд.

Мо ҳам орзу дорем, ки устоди мо бекор, яъне бемор нашаванд!

Одил Нозир

Аз идора:

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” устод Абдумудассир Аҳмадзодаро ба муносибти 70-солагиашон табрик гуфта, барояшон умри дароз, саломатӣ ва барори кори эҷодӣ орзу доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *