Садо аз Арабистони Саудӣ: Зиндагии ҷолиби Карина Комил

Имрӯз модел ва блогнависи зодаи Тоҷикистон Карина Комил (Шарипова) дар қалби Арабистони Саудӣ, шаҳри Ар-Риёз кору зиндагӣ мекунад.

Карина дар шаҳри Душанбе дар оилаи варзишгар, аниқтараш хоккейбози рус ба дунё омадааст. Модараш муаллима буда, ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти рус кор кардаву баъдан ба соҳаи савдо рафтааст.

Дар тӯли солҳо оилаи Карина дар Душанбе, Алмаато ва ё Краснокамск зиндагӣ мекард ва Карина дар ҳар куҷое, ки умр ба сар мебурд, худро дар хонаи худаш ҳис мекард. Ӯ ҳамеша ба корҳои гуногуни эҷодӣ дилбастагӣ дошт. «Дар кӯдакӣ ман ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ будам: рақс, сурудхонӣ, навохтани скрипка мекардам. Ёд дорам, ки ҳатто дар синфи 4 дар хона барои волидон намоиши мӯд ташкил мекардем»,— ба ёд меорад ӯ.

Карина аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос аст. Аммо вай инчунин тавонист ба ҳайси стюардесса кор кунад, дар студияи театри «Падида» рақс кунад, ба сурудхонӣ машғул шавад, тавонистааст, ки якчанд тарона сабт кунад ва ҳатто барои онҳо клипҳо созад.

Сарфи назар аз он, ки Карина Комил дар синни 20-солагӣ ба бизнеси моделсозӣ омад, вай дар як муддати кӯтоҳ тавонист аз санҷишҳо бо озмунҳо зуд гузарад, тамоми нозукиҳои ин соҳаро дарк кунад ва бисёр чизҳоро ҳал намояд.

Ин духтараки зеборо метавон ба осонӣ одами ҷаҳон номид, на дар сухан, балки дар амал. Карина Комил тавонист якбора дар чанд кишвар зиндагӣ кунад. Дар Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Украина ва Аморот.

Модели тоҷик борҳо дар озмунҳои гуногуни зебоӣ ширкат карда, Русия ва Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла, дар World Next Top Model 2016, Miss Union 2016, Miss СССР — 2016, Miss HP Company. Муваффақияти бузурги шахсии Карина ҷой гирифтан дар муқоваи нашрияҳои машҳури ҷаҳони мӯд, аз қабили Vogue Arabia, маҷаллаи Hia, Arab News ва Zahrat Khaleeji буд. Дар соли 2020 вай ҳатто чеҳраи коллексияи дебютии тарроҳи араб Нура Сулаймон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *