Садо аз Батош: Ман зиндаам, вале духтарам намедонад (Видео)
Дар Хонаи пиронсолон як мушкили калон аст: сокинони он ҷо ҳамдаму ҳамроз надоранд…
Мо ҳафтаи гузашта Хонаи пиронсолон рафтем, ки онҷоро “Батош” ном мебаранд. Ростӣ, намедонам барои чӣ “Батош”-ро хонаи пиронсолон мегӯянд, дар ҳоле, ки он ҷо нафарони маъюб, беморони рӯҳӣ ва ҳатто ҷавонҳо ҳам ба сар мебаранд.
Он ҷо бӯи бекасӣ аст…
Он ҷо бӯи навмедӣ аст…
Он ҷо бӯи ғаму андуҳ аст…
Он ҷо бӯи хокистари сӯхтаву сиёҳи орзуҳо аст…
Он ҷо бӯи интизорӣ аст…
Он ҷо бӯи тангдастӣ аст…
Он ҷо бӯи дастнигарӣ аст…
Он ҷо бӯи бекорӣ аст…
Он ҷо бӯи шабҳои бехобиву рӯзҳои дилтангӣ аст…
Ва он ҷо бӯи афсурдагиву озурдагист.
Мо аз роҳбарияти “Батош” хоҳиш кардем, ки барои суҳбат кардан бо сокинони ин ҷо мусоидат кунанд. Онҳо хоҳиши моро иҷро карданд. Моро ба ҳуҷрае раҳнамоӣ карданд, ки ба гуфтаашон ин ҷо Одинаев Исфалихон Иброҳимзода зиндагӣ мекардааст. Тақ-тақ карда даромадем. Марди тоқидор нишаставу “Қуръон” мехонд.
— Монда набошед, бобоҷон!
— Саломат бошед, марҳамат
-Мо аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба хабаргирӣ омадем…
— Саломат бошед, бисёр хурсандем, ки моро ёд мекунед.
— Шумо дар ин ҷо чанд муддат шуд, ки зиндагӣ мекунед?
— Аз 31-уми июли соли 2017.
— Пеш аз ин дар куҷо будед?
— Дар Хонаи пиронсолони муваққатӣ, дар кӯчаи Ғанӣ Абдуллои Душанбе. Пеш аз ондар Хонаи пиронсолони Ромит. Умуман чор сол мешавад, ки дар хонаи пиронсолон ҳастам.
— Кӣ шуморо ба ин ҷо овард?
— Ҳеҷ кас… Ман худам ба вазири вақти тандурустӣ Насим Олимзода муроҷиат кардам ва бошандаи Хонаи пиронсолон шудам.
— Ёру наздикон, хешовандон, апаву хоҳар, додару ака надоред?
— Шукронаи Аллоҳ хоҳарону бародарон дорам.
— Шуморо хабаргирӣ меоянд?
— Не, шароиташон нест. Худам кам-кам меравам.
— Барои ин ҷо омадан чӣ шароит лозим?
— Онҳо дар роҳи дур, дар тарафҳои Кӯлоб зиндагӣ мекунанд. Аз он ҷо омадану рафтан барои онҳо душвор аст.
— Фарзанд доред, онҳо меоянд?
— Ман аз собиқ ҳамсарам як духтар дорам. Ҳоло ин духтари ман дар вилояти Оренбурги Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад. Мутаассифона, аз аҳволам бехабар аст, мурдаву зинда будани маро намедонад.
— Шумо намехоҳед духтаратонро ёбед?
— Мехоҳам, аммо намедонам чӣ тавр? Ному насаби духтарам Алла Дец аст, номи модараш Галина.
— Чаро бо ҳамсаратон ҷудо шудед?
— Баъди таваллуди духтарам, бояд мо писардор мешудем, аммо бо хатогии ҳамсарам нашуд ва ман хонаамро партофта, ба хонаи волидонам рафтам. Яъне, мо ҷудо шудем. Хонаи ман дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе буд. Хонаро ба ман барои хизматҳоям дода буданд.
— Баъди пошхӯрии оилаатон ба чӣ кор машғул шудед?
— Сохтмончӣ будам. ”Заказ” мегирифтем ва дар ҳар ҷо кор мекардем. Ман мактаби олӣ нахондаам, балки Омӯзишгоҳи касбӣ-техникро бо ихтисоси кафшергар ва электрик хатм кардаам. Ин корҳоро хуб метавонам…
— Шумо дар ин ҷо зиқ намешавед?
— Не, барои чӣ зиқ шавам? Дар ин ҷо бо ҳамтақдиронам телевизор мебинам, блярдбозиву шоҳмотбозӣ мекунам, китоб мехонам.
— Шумо нафақа мегиред?
— Бале, аммо ҳоло 50 фоиз. Нафақаи ман кам аст, зеро дафтарчаҳои меҳнатиямро наёфтам. То моҳи сентябр 93 сомонию 60 дирам буд ва ҳоло зиёдтар шуд, ки ба дасти ман дар ҳоли ҳозир 54 сомонӣ мерасад.
-Ба 54 сомонӣ чӣ мехаред?
— Нос мехарам, кам-кам шаҳр равам роҳкиро мекунам ва баъзан ҷамъ карда ягон хуроки ба дилам мехӯрам.
— Дар ин ҷо ягон камбудӣ надоред?
-Не. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда минатдории худ ва тамоми кормандону бошандагони ин Хонаи пиронсолонро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Мо нисбати зиндагиямон ягон камбудӣ надорем, хурду хӯрокамон ҳамаш хуб.
— Ҳамин ҷо монданиед ё…
— Не, агарчӣ ин ҷо мо камбудие надорем, аммо мехоҳам сарбори касеву ҷое набошам. Мехоҳам худам меҳнат карда, зиндагӣ кунам.
— Охирсухани шумо чӣ мешавад?
— Ман аз ҳамаи ҷавонон ва онҳое, ки падару модар доранд хоҳишу илтимос дорам, ки ба қадру қиммати волидонашон расанд, зеро фардо дер хоҳад шуд.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ