Садорат Аюбҷонова – Самарқанд

Духтари ноком

Ба сӯи дашт мерафтам ба ногоҳ,

Бидидам духтареро дар сари роҳ.

Нишаста бар лаби ҷӯ нола мекард,

Гиребон пораи ашк, жола мекард.

Рухонаш зарду ҷисмаш буд лоғар,

Ба ранҷу ғам фурӯ рафта саросар.

Нишаста назди ӯ кардам саволе,

Ки эй духтар, чаро ошуфтаҳолӣ?

Бигӯ дарди ғамат то огаҳ бошам,

Ба андӯҳи ту ҳамраҳ буда бошам.

Ҷавобам дод он хотирпарешон:

«Ятима мондаам бо чашми гирён».

Бигуфтам: «Хез, эй духтар, азизам,

Биё ҳамроҳам, эй соҳибтамизам.

Падар, модар чу ошиқ бошанд бар ту,

Шафоқат беш бинмоянд бар ту».

Гирифтам  дасти  вай, бурдам ба мактаб,

Барои илм супоридам ба мактаб.

Бишуд хандону шодон дар дабистон,

Шукуфон чун ниҳоли гул ба бӯстон.

Чароғи илм дилашро рӯшно кард,

Ба кори илм худро ошно кард.

Шуда ҳамсаф кунун бо комсомолон,

Хушо, фаъол гардидаст алъон.

Дигар вай духтараи ноком набошад,

Ба  муҳтоҷию андӯҳ ром набошад.

***

 Духтари тоҷик

Духтари тоҷик, ман ҳам ошиқи кори туам,

Ошиқи одобу ҳам рафтору ҳам гуфтори туам.

Ту ба меҳнат рӯйи худ бо файз гулгун кардаӣ,

Дар қатори номдорон меҳнат афзун кардаӣ.

Ту саодатмандию соҳибсавод ҳастӣ чунон,

Фарқ дорад хислати хуби ту аз ҳар навҷавон.

Меҳнати шоёни ту дар шаҳрҳо овоза шуд,

Рӯҳу табъи ман аз ин овозаи ту тоза шуд.

Дӯстон хурсанд аз ин пешрафтҳои кори ту,

Дар ҳама фатҳи ту ҳастем мо доим ёри ту.

Духтари Ҳинд бо ту рақсе кард, ӯ ҳам ваъда дод ,

Ҳам ба санъат карда меҳнат, то шавад мисли ту шод.

Чун арабдухтар туро табрик кард бо ифтихор,

Гуфт,  мехоҳам бахт бо мо шавад мисли ту ёр.

Духтари маҳбуби халқам, “офарин” гӯям туро ,

Духтари  боҳурмати ин сарзамин гӯям туро.

Духтари тоҷик ҳар дам ошиқи кори туам,

Ошиқи одобу ҳам ахлоқу ҳам рафтори туам.

***

Дӯстат медорам туро

Аз  дилу ҷон дӯст медорам, Узбекистонам туро,

Пахтазорободу мулку боғу бӯстони туро.

Ту Ватанро ҳасти фарзанди азизу нозанин,

Дар қатори ҷумла ёрон соҳибиқболу матин.

Ҳар писар, ҳам духтарони ту диловар гаштаанд,

Ҷамъи миллатҳо ба онҳо дӯсту ёвар гаштаанд.

Сарзамини ту шуда гулзору боғи беканор,

Соҳиби бар нозу неъмат, эй диёри пахтазор.

Пешрафти ту шуда машҳур андар ин замон,

Номи неки ту шуда овоза бар рӯйи ҷаҳон.

صدارت ايوب جان آوا- سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *