“Садовод”-и тоҷикон дар Маскав сӯхт

Се растаи бозори «Садовод”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Маскав шаби 17 январ ба коми оташ рафтааст. Дар ин се раста ҳудуди 20 соҳибкори тоҷик дӯкон доштанд.

Мақомоти шаҳри Маскав мегӯянд, аз маҳалли сӯхтор дар бозори «Садовод” ҳудуди 40 нафарро берун овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи ин сӯхтор, ки 300 метри мураббаъро фаро гирифт, касе осеб надидааст, вале чандин дӯкон ба коми оташ рафт.

Муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Маскав, ки дар бозори «Садовод” кор мекунанд, мегӯянд, сӯхтор се раста (линия)-и 24, 25 ва 26-ро фаро гирифтааст. Дар растаи рақами 24 асосан ҷӯроб ва дар ду растаи дигар либоси кӯдакона мефурӯхтанд. Ин се растаи оташгирифта ҳудуди 20 тоҷири тоҷик низ кор мекарданд: Тоҷикон асосан ба тиҷорати ҷӯроб ва либоси кӯдакона машғул буданд. Аз Туркия ва Хитой бор меоварданд. Ин сӯхтор дар ҳоле рух дод, ки маъмурияти бозор аз соҳибони дӯконҳо пули иҷораи думоҳаашро талаб карда гирифт, ки ин баробар барои  ҳар моҳ – 400 ҳазор рубл аст Идораи сӯхторнишонии шаҳри Маскав мегӯяд, нахустин иттилоъ дар бораи сӯъӯхтор дар бозори «Садовод” соати 21:17 ба дасти онҳо расид. Бино ба фарзияҳои муқаддамотӣ, сабаби сӯхтор дар гирифтани пасмондаҳои сохтмон метавонад бошад.Бозори умдафурӯшии «Садовод” дар кӯчаи Верхние поля дар километри 14-уми МКАД ҷойгир шуда, яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Русия ба шумор меравад. «Садовод” дар 40 гектар замин доман густурда, беш аз 8000 дӯконро дар бар мегирад.Дар ин бозор, бино ба ҳисобҳо, то 2 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон машғули тиҷорат, ҳаммолӣ, таксиронӣ, ошпазӣ ва рӯбучин мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *