Садр Боев шарафи ҷудои тоҷикро ҳифз карда натавонист

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF)  хабар додааст,  9-10 декабр дар Ҳонконг мусобиқоти кушодаи ҷудои Осиё (Hong Kong Asian Open 2017 баргузор шуд. Тоҷикистонро др он ҳамагӣ як паҳлавон Садр Боев дар вазни 81 кг муаррифӣ намуда, шарафи ҷудои тоҷикро ҳиз карда натавонист.

Садр Боев, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз рақибаш Юнг Ҷун Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашта, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.

Ба иттилои манбаъ дар ин мусобиқот 171 варзишгар (110 мард ва 61 зан) аз 22 кишвари чаҳор қитъаи олам ширкат дошт.

Дар  вазни 81 кг ҳамагӣ 18 гуштигир рақобат кард. Юнг Ҷун Ли, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Вей-Ченг Чанг аз Тайбейи Чин пирӯзӣ ба даст овард, барои мақоми аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба зинаи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) дуюм ва дастаи Тайбейи Чин бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) сеюм шуданд.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли равон дар Ҳонконг Чемпионати ҷудои Осиё бо ширкати 244 варзишгар  аз 28 кишвар баргузор шуд. Дар он мунтахаби Тоҷикистон бо ҳафт гуштигир  ширкат варзид. Аз байни онҳо танҳо паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён соҳиби медал гардид. Ӯдар вазни 90 кг дуюмин бор ба унвони чемпиони Осиё ва медали тилло соҳиб гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *