Сафар ба Ҳаҷ кай оғоз мегардад?
Маросими сафари Ҳаҷи имсола рӯзи 6-уми август шуруъ хоҳад шуд.
Дар назар аст, имсол низ беш аз шаш ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Маккаву Мадина бираванд.Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ниҳоди танзимкунандаи умури Ҳаҷ гуфт, зоирони тоҷик то 15-уми август дар чанд гуруҳ ба Арабистони Саудӣ интиқол меёбанд. Ба қавли ӯ, маросими Ҳаҷ-2018 то 12-уми сентябр идома мекунад ва дар ин рӯз охирин гуруҳи зоирин ба ватан бармегарданд.Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, имсол низ зоирини тоҷик тариқи ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ва Саудӣ ба Ҳаҷ мераванд.Арзиши Ҳаҷҷи имсола 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муайян шудааст. Ин нарх дар муқоиса ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ