Сафар Абдуллоҳ ба кумаки молӣ ниёз надорад

Баъди нигоштаи Насибҷон Амонӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон дар бораи кумак ба донишманди тоҷик Сафар Абдуллоҳ, пайвандон мегӯянд, ки ӯ ба ҳеҷ кумак ниёз надорад.

Бузургмеҳр Абдуллозода — писари Сафар Абдуллоҳ, пеш аз ҳама ба Насибҷон Амонӣ ва дигарон барои бетараф набудан нисбат ба саломатии падараш изҳори сипос намудааст.

“Мақола ё дархосте, ки устод Насибҷон Амонӣ навиштанд, мо тоза огоҳ шудем ва аз шумо азизоне, ки нигарони аҳволи устод Сафар Абдуллоҳ будед, миннатдорам ва мо танҳо ба кумак ва дуъои неки шумо эҳтиёҷ дорем ва ҳеҷ зарурияте ба кумаки молӣ нест ва нахоҳад буд. Тавре устоди азиз Насибҷон Амонӣ огоҳ буданд, устод Сафар Абдуллоҳ тақрибан 1 сол аст кор намекунанд ва муолиҷа мешаванду ҷарроҳии вазнинро пушти сар кардаанд. Дуруст аст, ки муолиҷаашон хароҷоти молии зиёдеро дар бар гирифтааст ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки дасти ёрии устод Сафар Абдуллоҳ ба хелеҳо расидааст, ба ҳамин сабаб хостаанд, ки як кумаке аз тарафи дигарон низ ба эшон бирасад, аммо устод Сафар Абдуллоҳ дар ҷараёни ин амали неки эшон набуданд ва устод Сафар Абдуллоҳ ба кумаки молӣ эҳтиёҷ надоранд ва бештар ба дуъо ва кумаки маънавии шумо азизон ниёзманданд”,- навиштааст Бузургмеҳр.

Ёдовар мешавем, ки Насибҷон Амонӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ҳоло муқими Қазоқистон аст, хабар дод, ки донишманди маъруфи тоҷик Сафар Абдуллоҳ чанд моҳ боз аз беморӣ ранҷ мекашад ва ба кумаку дастгирӣ ниёз дорад. Сафар Абдуллоҳ низ чанд соли охир дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон зиндагӣ ва фаъолият дорад.

Аз ҷумла, Насибҷон Амонӣ чунин нигошааст: “Беш аз ним сол аст, ки донишманди машҳур ва шоири тавонои мо устод Сафар Абдуллоҳ беморанд. Дар ин муддат эшон нахуст чанд бор дар бемористони шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бистарӣ шуданд ва пасон дар бемористони шаҳри Нурсултон амалиёти душвори қалбро пушти сар карданд ва хушбахтона, ин амалиёт хуб гузашт. Пас аз бозгашт ба Алмаато, барои тақвияти ҷисмонӣ боз дар бемористони ин шаҳр табобат гирифтанд. Бо ин ҳама, устод ранҷуранд ва танашон пас аз ин ҳама амалиёту дармонҳо ҳоло заъиф аст ва эшон ниёз ба табобатҳои дигар доранду боз барои дармон дар бемористони шаҳри Алмаато бистарӣ шуданд”.

Дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 Сафар Абдуллоҳ бо он ки худ ба мулки ғурбат рӯ оварда буд, ба даҳҳо тан аз донишмандону шоирон ва адибони тоҷик кумак мефиристод. Бино ба нақли дӯстонаш, дар он солҳо адиби шуҳратёри қазоқ Олжас Сулаймонов ба Сафар Абдуллоҳ 10 ҳазор доллар кумак кардааст, то барои худаш дар Алмаато хонае бихарад. Вале Сафар Абдуллоҳ ин ҳама пулро барои кумак ба қаламкашони тоҷик сарф кард.

Ва аммо имрӯз, муттаассифона, беморӣ Устод Сафар Абдуллоҳро аз пой даровардааст ва худи ӯ муҳтоҷ ба кумаку дастгирӣ шудаанд.

Дар идома Насибҷон Амонӣ менависад: “Ҳар паёму ёрии шумо дастгирии бузурге мегардад ба устод ва эшон бо ёрии Худованду дастгирии шумо ба беморӣ пурра пирӯз мегарданду пас аз сипарӣ кардани ҳама давраҳои табобат боз чун пештара фаъолона моро дар олами маҷозӣ ҳамроҳӣ ва ҳам номи миллатамонро дар нишасту анҷуманҳои бузурги илмӣ муаррифӣ мекунанд ва ҳам бо ашъори нобу оливу миллиашон моро шод мегардонанд. Пешопеш, аз ҳамаатон сипос барои дилсӯзиву дастгирӣ. Ин ҳама ёриҳои шумо як навъ посухи хуб ва бамавриде хоҳад гардид ба устод барои он ҳама ёриву дастгирии бузурге, ки устод ба мо дар дар муддати беш аз 40 сол карда буданд ва Худо хоҳад, пас аз шифои комил ёфтанашон боз хоҳанд кард”.

МАЪЛУМОТНОМА

Сафар Абдуллоҳ 30-юми январи соли 1955 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, солҳои 1973-1978 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил кардааст. Фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шуруъ намуда, соли 1979 дар Пажуҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (солҳои 1981-1984) дар ҳамин пажуҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи «Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981-1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажуҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст. Аз сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад. Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзуҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.

Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз 300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ба табъ расидаанд. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *