Сафар аз Тоҷикистон ба хориҷа — беш аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар дар 6 моҳ
Дар шаш моҳи аввали соли равон 1 миллиону 612,9 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хориҷа сафар кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 462 ҳазор нафар ё 40,1% зиёд аст.
Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, ҳамзамон дар нимсолаи аввали соли равон наздики 630 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки дар қиёс ба соли 2022-юм 159 ҳазор нафар ё 33,9% афзудааст.
— Аз шумораи умумии онҳое, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, беш аз 487 ҳазор нафар сайёҳ буда, шумораи онҳо низ дар муқоиса бо соли гузашта 31,8% бештар аст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ