Сафаралӣ баъд аз наҷоти духтари 17-сола аз марг қадрдонӣ шуд

Сафаралӣ Ғоибов, ҷавоне, ки 3 рӯз пеш як ҷавондухтари 17-соларо аз худкушӣ наҷот дода буд, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Тавре ки Pressa.tj қаблан хабар дод буд, санаи 23 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 10:15 як нафар ҷавондухтари 17 сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дорои бемории руҳӣ мебошад, бо сабаби хуруҷи бемориаш худашро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ ба дарё партофтааст.

Дар ҳамин ҳол Ғоибов Сафаралӣ, ки манзили истиқоматиаш дар рӯ ба рӯи макони содиршавии ҳодиса воқеъ аст, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир ва ба дохили дарё даромада, ҷавондухтари ғарқи обро ба берун баровардааст.
Воқеан, номбурда аз худ матонату ҷасурӣ нишон дода, барои наҷоти ҷавондухтар ҷони худро дар хатар гузоштааст, ки ин амали ҷавонмардонаи Сафаралӣ боиси ифтихор ва намунаи ибрати ҳамагон мебошад.

Роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе зимни супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ҳамзамон миннатдории самими худро ба волидайни ин ҷавон расониданд, ки эшон дар ҳақиқат ҷиҳати тарбияи ватандӯстии фарзанди хеш заҳматҳои беандаза кашидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *