Сафарбарнамоии зоирон — аз нимаи дуюми моҳи июн. Чаро қимати сафари ҳаҷ баланд аст?
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон шарту шароит ва далели боло рафтани қимати сафари ҳаҷ дар соли равонро шарҳ додааст.
Дар назар аст, ки имсол сафарбарнамоии зоирини тоҷикистонӣ аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардад. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҶТ Афшини Муқим иттилоъ медиҳад, ки “корҳои омодагӣ бо мақсади сафарбарнамоӣ ба мавсими ҳаҷ дар Кумита ҷараён доранд. Айни замон гуруҳи кории Кумита бо мақсади бастани шартнома бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ қарор доранд. Ҳамкорони мо бо ширкатҳои хизматрасон қарордод ба имзо расониданд. Имсол тибқи ҳиссаи ҷудонамудаи кишвари мизбон беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ сафарбар мегарданд”.
Ба гуфтаи манбаъ, тибқи тартиб имсол ҳамон довталабоне барои адои маносики ҳаҷ сафарбар мегарданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соли 2020 пешниҳод гардида буданд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби пандемияи фарогир дар ду мавсими гузашта маросими ҳаҷ баргузор нагардид. Аз ин лиҳоз, бартарияти асосӣ ба довталабони болозикр дода мешавад.
Манбаъ ҳамзамон хабар медиҳад, ки “тибқи талаботи кишвари мизбони ҳаҷ имсол сафарбарнамоии афроди синнашон то 65-сола (баъди июли 1957) ба мавсими ҳаҷ иҷозат дода шудааст. Аз ин хотир, имсол наметавонем онҳоро ба сафари ҳаҷ ҷалб намоем”.
— Қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хизматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) баста мешавад ва аз ин хотир, аксари кишварҳо арзиши хизматрасониҳоро бо доллари ИМА муайян мекунанд. Аз ҷумла, чанде пеш Ҷумҳурии Қирғизистон расман хабар дод, ки нархи имсолаи ҳаҷ дар он кишвар беш аз 4500 доллар муайян гардидааст. Дар ҳоле ки арзиши хизматрасониҳо дар ин кишвари ҳамсояи мо дар мавсимҳои гузашта нисбатан арзонтар буд. Тибқи ҳисоби пешакӣ эҳтимолан арзиши хизматрасониҳои мавсими имсолаи ҳаҷ дар кишвари мо низ ҳудуди 4800-4900 долларро ташкил диҳад. Маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо (рафту баргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хизматрасонӣ дар машоир — Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гуруҳи корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хизматрасонии ҷорӣ харҷ мешавад. Гарон шудани нарх асосан ба маҷмуи хизматрасониҳое, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа бо дарназардошти тадбирҳои беҳдоштӣ пешниҳод мекунад, бастагӣ дорад. Агар масалан дар соли 2019 барои хизматрасонӣ дар машоири Минову Арафот барои ҳар як зоир ҳудуди 236 доллари ИМА пардохт шуда бошад, имсол бинобар ба эътибор гирифтани тадбирҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳо дар Минову Арафотро бештар аз 1400 доллар муайян намудааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ