Сафари ғайримунтазираи Путин ба Сурия

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 7 январ ба хотири дидору гуфтугӯ бо президент Башор Асад ва машварат бо низомиёни рус дар Димишқ вориди Сурия шуд.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки Путин савори мошин аз фурудгоҳи байналмилалии Димишқ то қароргоҳи нирӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар ин кишвар мустақар ҳастанд, сафар кард. Ӯ инчунин гуфт, ки мулоқоти Путин ва Асад дар қасри президенти Сурия баргузор шуд. Песков гуфт, ки ду раҳбар дар бораи таҳаввулоти манотиқи мухталифи Сурия гузоришҳои низомиро бо ҳам гӯш карданд.

Расонаҳои давлатии Сурия гузориш доданд, ки Путин ва Асад инчунин паради низомиёни ҳарбиро тамошо карданд. Ин сафари нахустини Путин ба Димишқ ва дуюмин сафари ӯ ба Сурия аз замони ироаи кӯмакҳои низомии Русия ба ҳукумати Сурия дар ҷанги идомаёбандаи ин кишвар мебошад. Ӯ соли 2017 аз пойгоҳи низомии Ҳмеймими Русия дар ҷазирашаҳри Латақия дидан карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *