Сафари бевизаи нисфи дунё ба Ӯзбекистон

Ӯзбекистон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 5 рӯз медиҳад.

Ин иқдом имкон медиҳад, то сайёҳоне ки мехоҳанд якбора чанд кишвари Осиёи Марказиро бубинанд, аз Ӯзбекистон низ боздид кунанд ваё тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар сафар кунанд.Дар матбуоти расмии Ӯзбекистон матни фармони нави президент Шавкат Мирзиёев нашр шуд. Ин фармон аз 15 июл ба шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон ҳақ медиҳад, ки барои муҳлати то 5 рӯз бидуни виза аз Ӯзбекистон боздид кунанд.

Дар фармони Мирзиёев аз ҷумла гуфта мешавад: «Аз 15 июл тартиби бидуни визаи вуруд, будубоши муваққат ва хуруҷ аз Ӯзбекистон ба муҳлати то 5 рӯз дар гузаргоҳҳо ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат муқаррар карда шавад.”Ин иқдомот бахше дигар аз сиёсати Тошканд барои ҷалби сайёҳони бештари хориҷист. Ӯзбекистон ҳамин тавр, аз 1 май дар фурудгоҳҳояш ба додани визаи серӯза ба шаҳрвандони хориҷӣ шуруъ карда буд.Тартиби нави сафари бидуни виза ба Ӯзбекистон шаҳрвандони тақрибан ҳамаи кишварҳои Аврупо, Амрико, Канада, Мексика, Ямайка, кишварҳои арабӣ аз Ӯмон то Марокаш, Ветнам, кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Муғулистон ва аз ҳамсояҳо Туркманистонро фаро мегирад.Барои дарёфти чунин виза ба шаҳрвандони ин 101 кишвар танҳо лозим аст, ки чиптаи парвоз ба кишвари сеюмро нишон бидиҳанд.Ӯзбекистон ҳамчунин аз 15 июл тартиби ироаи визаи электрониро тавассути сомонаи e-visa.uz ҷорӣ мекунад ва дигар зарурати муроҷиати ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатии ин кишвар аз байн меравад.Моҳи феврал Шавкат Мирзиёев режими визаро барои шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Кореяи ҷанубӣ, Малайзия, Туркия, Япония ва Сингапур аз байн бурда, барои шаҳрвандони 39 кишвари дигар тартиби содаи дарёфти визаи туристиро ҷорӣ карда буд.Ӯзбекистон ба ҷуз аз Тоҷикистон бо дигар кишварҳои СНГ ва Гурҷистон низ виза надорад.Моҳи март роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ба созишномае имзо карданд, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳаққи сафари бидуни виза ба муҳлати то 30 рӯзро ба даст оварданд.Ӯзбекистон, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бахши аъзами ёдгориҳои таърихии минтақаро мерос гирифт, ҳоло талош дорад, бахши туризмро ба як манбаи муҳими даромади худ табдил диҳад. Ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳи хориҷӣ барои тамошои шаҳрҳои бостонии Бухоро, Самарқанд, Хива, Урганҷ азми Ӯзбекистон мекунанд.Тартиби сафари бидуни виза барои муҳлати то 5 рӯз имкон медиҳад, ки сели сайёҳон ба Ӯзбекистон боз ҳам бузургтар шавад. Аз ҷумла аз ҳисоби онҳое, ки дар баробари тамошои кишварҳои дигари минтақа мехоҳанд Ӯзбекистонро низ бубинанд.

«ахбор»

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *