Сафари бомақсад ба Мақсад

Дар нимаи аввали рӯзи имрӯз  Корвони дӯстӣ аз Тоҷикистон ба Мақсад расид. Ҳамсолони худро гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ) аз Қирғизистон зери парчами ҳарду кишвар бо нону намак пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар мактаби ҷамоати Мақсади кишвари ҚирғизистонФестивалидӯстии сокинони ҷавонидеҳаҳоиҳаммарз: Овчи­Қалъача ва Мақсад доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Таҳаммулпазирии байналхалқӣ» дар Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон» баргузор шуд.

                                           тоҷикдухтар бо дугонаи қирғизаш

Лоиҳа баҳри устувории дӯстиву рафоқат, шинохти миллатҳо, муаррифии фарҳангу маданият дар байни ҷавонони ҳаммарз саҳми бузург дорад, -иброз медорад Абдулаким Надиров, ҷонишини директори мактаби Мақсад оид ба корҳои тарбиявӣ.  Ӯ бар илова мегӯяд: «Оянда ба дасти ҷавонон аст.

 Бешубҳа, маҳз онҳо метавонанд муносибат ва муомиларо бо ҳамдигар ба таври мусбат роҳандозӣ намоянд, аллакай ба василаи лоиҳаи мазкур, хишти аввали дӯстӣ гузошта шуд».

Иштирокчии фестивал Давлат Раҳматов, хонандаи мактаби №8 аз Овчи Қалъача, ки дӯстони қирғизашро бештар дар оинаи нилгун дидааст қайд мекунад: «ин сафари аввалини ман ба ҳамсоякишвар буд. То баргузории ин фестивал дар кунҷи хаёлам ҳам набуд, ки бо онҳо дар робита бошам. Имрӯз дарк кардам, ки риштаи дӯстии тоҷикону қирғизҳо муҳим аст, зеро мо бари ҳамдигар зист дорем ва тантанаи сулҳин пеш аз ҳама оромӣ дар оила ва зиндагонии мост».

Ҳамсоли Д. Раҳматов Элиза Каттабекқизи, аз мактаби рақами 4, Қирғизистон, ки то интиҳои базм ҳамроҳи дугонаҳои наваш аз Тоҷикистон рақс кард, таассуроташро чунин иброз дошт: «Маҳз дар ин Фестивали дӯстӣ ман бори аввал шоҳид шудам, ки тоҷикон бо забони мо зебо рақс ва суруд иҷро карда метавонанд.Дар барномаи мусиқавии мо, ки фарҳанги тоҷикон низ сарфи назар нашудааст, аз тарафи ҳамсояамон гарм истиқбол гардид. Ҳарчанд номҳои гуногун дорем, аммо маданияту фарҳанги мо ба ҳам монанд аст ва аз ин лиҳоз, дӯстӣ бояд ҷузъи чудонопазири ҳаётамонгардад».

Дар охир аъзои ГТҶ аз Ботканд ба меҳмонон аз вилояти Суғд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

                                                                                                                                                    Зебо Собирзода

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *