Сафари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Қатар
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз бо баргузор кардани як вохӯрии таҷрибавӣ бо чемпиони Тоҷикистон-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе давраи аввали омодагии худро ба Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба анҷом расонид. Ҳайати даста баҳри ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат», ки аз 15 то 23 январ дар шаҳри Давҳаи Қатар барпо мегардад, 10 январ сафар мекунад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шоҳиди машқҳои охирини даста гардид.
Шоми дирӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон охирин машқҳои худро дар майдони сеюми Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зери назорати ёварони сармураббии дастаи мунтахаб –Далер Каёсов ва мураббии дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев паси сар кард. Сармураббии даста бо сабаби вазъи саломатӣ дар ин тамринҳо иштирок карда натавонист ва зери дастури ӯ мураббиён ба футболбозон дарси маҳорат меомӯхтанд. Аллакай ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуда, ба он 23 нафар бозингарон бо шумули се дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар пазируфта шудаанд.
Ҳайати даста чунин аст:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон») ва Шоҳрух Қирғизбоев (“Барқчӣ”);
Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Табрези Давлатмир (“Истиқлол”), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Ӯзбекистон), Доробҷон Эргашев (КМВА «Помир»), Алишер Баротов («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳар ду аз «Истиклол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Абдулмӯмин Забиров, Саидмухтор Азимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Мӯҳсинҷон Абдугаффоров (КМВА «Помир»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Қатар ва Кувайт ширкат меварзанд. Бозии аввалини худро дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 январ бо олимпичиёни Эрон мегузаронад. Дар даври дуюм-18 январ дастпарварони Усмон Тошев бо футболбозони Қатар ва дар вохӯрии охирин- 21 январ бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт қувва месанҷанд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Академияи «Aspire»-и шаҳри Давҳа гузаронида мешаванд.
Иштирок дар бозии байналмилалӣ дар Қатар марҳилаи навабатии тайёрии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (то 23-сола) ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб меравад.
Дар бозиҳои интихобӣ, ки аз 22 то 26 март дар шаҳри Тошканд мегузаранд, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) рақобат менамояд.
Баъди ҷамъбасти бозиҳои интихобии гурӯҳӣ 11 дастаи ғолиб ва 4 дастаи беҳтарини мақомҳои дуюм ба бозиҳоии финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Тайланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дар сурати яке аз ҷойҳои аввалро гирифтани мизбони Чемпионати Осиё-дастаи мунтахаби Тайланд (ё ишғоли яке ҷойҳои дуввуми имтиёздори роҳхат ба бозиҳои финалӣ) дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ба бозиҳои финалӣ роҳ меёбад. Аз тарафи дигар, се дастаи ҷойҳои якум, дуввум ва сеюми Чемпионати Осиё ба ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио комёб мегарданд.
Тақвими мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» байни дастаҳои мунтахаби олимпӣ дар шаҳри Давҳа чунин аст:
Даври 1
15 январ (сешанбе)
19:30* – Эрон – ТОҶИКИСТОН
21:30 – Қатар – Кувайт
Даври 2
18 январ (ҷумъа)
19:30 – Эрон – Кувайт
21:30 – Қатар – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
21 январ (душанбе)
19:30 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт
21:30 – Қатар – Эрон
Эзоҳ: соати оғози бозиҳо ба вақти Душанбе оварда шудааст.
Бознашр аз Ховар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ