Сафари духтарони ҷавон ба хориҷ пешгирӣ мешавад

Расонаҳо аз мавридҳои нави ба Туркия роҳ надодани мусофирони ҳавопаймоҳои Туркманистон хабар медиҳанд.

Як сокини Туркманистон гуфт, хоҳари вай мехост, чанде пеш барои таҳсил ба Туркия равад, аммо хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Ишқобод монеи сафари вай шудааст.

«Хоҳари ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дошт ва ҳафтаи гузашта ҳамроҳи волидон ба фурудгоҳ рафт. Хадамоти амнияти фурудгоҳ волидонро иҷозаи убур доданд, аммо хоҳарамро нагузоштанд, ки ба ҳавопаймо нишинад», — хабар дод ин сокини Туркманистон.

Мақомот мегӯянд, «аз боло» дастур шудааст, ки аз сафари духтарони ҷавон ба хориҷ пешгирӣ шавад.

Пештар аз ин расонаҳо борҳо аз мавридҳои пешгирии сафари шаҳрвандони Туркманистон ба хориҷ гузориш дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *