Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазон
Имрӯз, 23 октябр Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз 22 то 24 октябр дар шаҳри Қазон Нишасти БРИКС бо ширкати сарони давлатҳо баргузор мешавад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст. Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ