Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Имрӯз, 2 октябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати Қатар сафар намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ