Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Роғун
Имрӯз, 27 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун сафар кард.
Нахуст, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ ёфт.
“Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ бунёд гардидааст”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президент.
Иттилоъ дода шуд, ки «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда ва талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.
Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ба маблағи 32 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар бунёд гардидааст.
Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки раванди таълим дар як баст барои то 150 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ