Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуд.

Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии саронони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар кардааст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ як нишасти пеш аз соли нав аст, ки ду рӯз идома мекунад ва як шакли анъанавии иртибот миёни раҳбарони кишварҳои созмон аст.

Раҳбарони ИДМ дар ин нишаст дар як фазои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои мухталиф табодули афкор хоҳанд кард.

Қаблан Президенти Русия Владимир Путин зимни паёми видеоии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ аз нияти баргузории як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург хабар дода буд.

Путин қайд кард, ки аз 1 январи соли равон Русия раёсати ин иттиҳодияро бар дӯш мегирад ва нақша дорад, ки таҷрибаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла санъат, маориф ва илмро идома ва густариш диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *