Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Имрӯз, 11 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт сафар кард.

Нахуст, бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Сангвор бинои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи  5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 100 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.

Бино ҳамчунин дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад.

Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд дар 3 ҳуҷра таъсис дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 нафар хонанда фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *