Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин ба Русия
Имрӯз, 8 –уми май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, фар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ