Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон
Аз 14 то 18 декабри соли ҷорӣ сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон,Президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон сурат мегирад.
Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон хабар додаааст. Ба иттилои манбаъ, Президенти Тоҷикистон аз иёлоти Кералаи Ҳиндустон дидан намуда, 16 декабр ба Деҳлӣ меравад: “Машғулиятҳои расмии ӯ санаи 17 декабр сурат мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон бо Пранаб Мукерҷи, президент ва Нариндра Моди, сарвазири Ҳиндустон дидор хоҳад дошт”.
Ин шашумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон аст. Боздиди охири ӯ соли 2012 сурат гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ