Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон

Сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон имрӯз, 19 август аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Вишхарв дар ҳузури президенти мамлакат корхонаи “Карон — калсит” ба истифода дода шуд.

“Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз барои сохтмони канали обрасон санги асос гузошт.
Масоҳати дашт бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард. Минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аз наздик шинос шуда, як қатор иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва бо фаъолону сокинон суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *