Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Санкт-Петербург
Имрӯз, 24 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ