Сафари кории вазири маориф ва илм ба ноҳияи Ашт
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, сардори Раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим бо сафари корӣ ба ноҳияи Ашт рафтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, меҳмононро роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар даромадгоҳи ноҳия пазироӣ ва ҳамроҳӣ намуданд.
— Роҳбарияти вазорат ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳа дидан намуданд. Зимни боздид аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№4, 7, 11, 25, 65, кӯдакистони хусусӣ ва бинои шуъбаи маориф иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №25 аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз ҷониби соҳибкорону аҳолӣ тариқи ҳашар, бинои шуъбаи маориф аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм ва бинои кӯдакистон аз ҷониби соҳибкор Истамой Мадалиева сохта шуда истодаанд,- меафзояд манбаъ.
Ҳангоми суҳбат бо пудратчиён, сохтмончиён ва дигар масъулони соҳа вазири маориф ва илм ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муйяншуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ба соли нави таҳсил омода намудани муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ