Сафари корвони саломатӣ ба Бадахшон
Субҳи имрӯз, 7 — уми ноябр корвони саломатӣ иборат аз 46 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон сафарбар карданд.
Гурӯҳи корӣ бо раҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва мутахассисони тамоми бахшҳо дар назар аст, ки ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то 11 уми ноябр хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро амалӣ намоянд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ, сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда, ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ