Сафари навбатии Президент ба Бадахшон

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар кард.

Аз дафтари матбуотии Президент хабар доданд, ки  ҳадаф аз ин сафар, “шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон” мебошад.

Ин  сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ шуруъ шудааст. Президент дар доираи ин сафар бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба Бадахшон аз чанд ноҳияи Бадахшон дидан карда, дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ иштирок кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *