Сафари ногаҳонии Трамп ба Афғонистон
Президенти ИМА Доналд Трамп дар доираи як сафари эъломнашуда вориди Афғонистон шуд. Ӯ бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ мулоқот ва аз пойгоҳи низомӣ дар Багром боздид кард.
Трамп сарбозони амрикоиро бо Рӯзи шукргузорӣ табрик кард, ки ҳамасола панҷшанбеи ахири моҳи ноябр таҷлил мешавад. Ӯ ҳангоми суханронӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд, ИМА ба оташбас розӣ мешавад. «Толибон мехоҳанд, созиш кунанд», — афзуд ӯ.
Трамп пас аз ироаи паём ба ошхона рафта, ҳамроҳи афсарони дигар дар пешниҳоди ғизои идона ба сарбозон кӯмак кард.
Хабаргузории Associated Press навиштааст, ки Кохи сафед тамоми маълумотро дар бораи ин сафари Трамп пинҳон мекард.
Доналд Трамп моҳи сентябр, пас аз кушта шудани 21 одам дар натиҷаи ҳамлае дар Кобул гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳаракати террористии Толибонро қатъ кард. Он замон як амрикоӣ ҳам ҷон бохта буд.
Ин нахустин сафари Трамп ба Афғонистон ва дувумин сафар ба минтақаи задухӯрдҳо мебошад. Ӯ соли гузашта дар рӯзи Мавлуди Масеҳ аз пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ боздид кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ