Сафари охирини Саидаҳмад (Видео)
Саидаҳмад Давлаҳмадов, ҷаҳонгарди тоҷик Аврупоро ба унвони сафари ахири худ интихоб кард. Вай бо автомобили худ аз тариқи Ӯзбекистону Туркманистон вориди Эрон шуда ва тавассути ин кишвар ба Туркия меравад.

Саидаҳмад Давлаҳмадов дар мусоҳиба бо сомонаи Tajikistan times, ки дар остонаи сафараш ба кишварҳои Аврупо сурат гирифт, гуфт, ба далели пиронсолӣ (синнаш наздики 80 сол аст) ин саёҳати охирини ӯ хоҳад буд.
Саидаҳмад Давлаҳмадов дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон чашм ба олам кушода ва ҳоло дар Шарқи Дури Русия зиндагӣ мекунад.
Ӯ нахустин ҷаҳонгарди тоҷик аст, ки тавассути автомобил дар тӯли 36 сол беш аз 100 кишвари ҷаҳонро зиёрат кардааст.
Аввалин саёҳати Саидаҳмад Давлаҳмадов дар соли 1982 тавассути мошини сохти шӯравии “Москвич” дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда ва баъдан бо мошинҳои мухталиф гирди ҷаҳон гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ