Сафари президент аз Айнӣ сар шуд

Сохтмони “Талко Голд” – ширкати вобаста ба корхонаи алюминиюми тоҷик – бо сармояи Чин дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ шуруъ шуд.

 Мақомот гуфтанд, ки корхона дар якуним соли оянда ба фаъолият пардохта, дар навбати аввал истеҳсоли 1,5 тонна тило ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар назар аст. То имрӯз кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои “Зарафшон” ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн гуфт, ки  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари шашрӯзааш ба вилояти Суғд, ки аз ноҳияи Айнӣ шуруъ шуд, ба сохтмони ин корхона оғоз бахшидааст. Ба иттилои манбаъ, баробари ба истифода додани корхона, Тоҷикистон аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъди Чин ва Русия қарор хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *