Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия

Имрӯз, 21 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири мамлакат, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардори хадамотҳои гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *