Сафари ректори ДМТ ба Чин

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ ва иштирок дар Конференсияи байналмилалии забони чинӣ ба Чин сафар кард.

Имрӯз, 6-уми декабр зимни сафар ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин  Вуманҷон Айлӣ мулоқот намуд. “Ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак андешаҳои судманд баён доштанд”,- иттилоъ додан аз донишгоҳ ба Pressa.tj.

Гуфта шуд, ки ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарони Донишкадаи Конфутсий, ки дар нақша аст, дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва гирифтани аксҳои таърихӣ ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *