Сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон 2-3-юми март ба нақша гирифта шудааст
Рӯзҳои 2-3-юми март сафари сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз як моҳ қабл сомонаи Pressa.tj дар бораи аввалҳои моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон сафар кардани ин мансабдори баландпояи рус хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки сафари Михаил Мишустин дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шудааст.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот ба сафари қарибулвуқуъи сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”,- иттилоъ дода буд Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Бояд гуфт, ки зимни сафар рӯзи 2-юми март иштироки Михаил Мишустин дар конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ