Сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Эрон: Оғози марҳилаи беҳбуди равобит?

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз сардии равобит ва танишҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар чаҳор соли ахир дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф, президент ва вазири корҳои хориҷии Эрон як қадами ҷиддӣ дар роҳи беҳбуди равобит хоҳад буд.

Охири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Теҳрон бо мақомоти баландпояи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати расмии ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ба ин кишвар сафар кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз сардии равобит ва танишҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар чаҳор соли ахир дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф, президент ва вазири корҳои хориҷии Эрон як қадами ҷиддӣ дар роҳи беҳбуди равобит хоҳад буд.

Бино ба гузориши расмии сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни дидор бо мақомоти баландпояи Эрон масоили марбут ба густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ин ду кишварро матраҳ кардааст. Ҳамчунин, дар мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон таъкид шудааст.

Дар гузоришҳои расмӣ рӯшан нест, ки ҳадафи аслии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Эрон чи буда ва оё ин дидор талош барои беҳбуди равобит миёни ин ду кишвар маънидод мешавад?

Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 31 май  Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Эрон ва раиси ҷониби эронии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониён мавзӯъи равобити тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кардааст.

Дар даҳ соли ахир бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” бунёд гардид. Вале бо вуҷуди зарфияту тавонии мавҷуда миёни ин ду кишвар ҳамкориҳо дар ин замина тақрибан мутаваққиф шудаанд.

Манобеъи расмии Тоҷикистон дар мавриди ҷузъиёти сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Эрон ва баррасии тарҳҳои мушаххаси иқтисодию тиҷоратӣ хабаре мунташир накарданд.

Ин дар ҳолест, дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Эрон аз дархости вазири корҳои хориҷии Эрон дар мавриди истифодаи бандари Чобаҳори Эрон аз ҷониби Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳо дар ҳавзаи энергетика хабар додааст.

Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, барои Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи мустақим надорад, пешниҳоди истифода аз бандари Чобаҳори Эрон барои транзити молу мавод хеле муҳим ва муфид хоҳад буд.

Ҳарчанд ин масир барои интиқоли молу маводи Тоҷикистон наздик ва арзон арзёбӣ мешавад, вале бо таваҷҷуҳ ба мушкили транзити мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз тариқи роҳҳои Туркманистон роҳ ба Эрон тӯлонӣ ва пурхарҷ шудааст.

Ҳоло мошинҳои борбари Тоҷикистон аз масири Қазоқистон-баҳри Хазар-Озарбойҷон истифода мекунанд, ҳудуди 1000 километр дарозтар буда ва харҷи бештар дорад.

Роҳи дигари кӯтоҳ аз Тоҷикистон ба Эрон аз тариқи Ҳироти Афғонистон аст, вале ин роҳ хатарнок ва барои боркашонӣ номусоид аст.

Ба эътиқоди ин коршинос, нишонаи дигари беҳбуди равобити Тоҷикистон бо Эрон пас аз таваққуфи чандмоҳа дубора барқарор шудани парвозҳои мустақим миёни ин ду кишвар аст.

Мақомоти Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон чанде пеш ба ширкати «Вориш эйрлайнз»-и Эрон иҷоза додаанд, то дар хатсайри Машҳад-Душанбе, парвоз анҷом диҳад.

Зимнан, баъди қатъ шудани парвозҳои ширкати «Осмон эйр»-и Эрон дар хатсайри Душанбе-Машҳад ва ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудани ширкати «Тоҷик эйр» аз Тоҷикистон, дигар ягон парвоз ба самти Эрон анҷом намешуд ва ин ҳам кору харҷи мусофиронро зиёд карда буд.

Нуралӣ Давлат таъкид кард, ки беҳбуди муносибот ба нафъи Тоҷикистону Эрон аст. Эрон ҳоло ба таҳримҳои шадиди Амрико ва иттифоқчиёнаш рӯбарӯ шуда ва тақрибан инзивои байналмилалӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ба густариши ҳамкориҳо бо кишварҳое чун Тоҷикистон ниёз дорад.

Ба навбати худ, Тоҷикистон дар рушду тавсеаи иқтисоди кишвар ба хадамоти фаннию муҳандисӣ ва сармояи Эрон эҳтиёҷ дорад. Ба андешаи Нуралӣ Давлат, ин омилҳо метавонанд ба гарм шудани муносибот ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Эрон боис шавад.

Нишонаҳое аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Эрон

Дар ҳоле ки дар замони ҳукумати Маҳмуд Аҳмадинажод равобити Тоҷикистону Эрон хуб ва ҳамкориҳо дар ҳоли тавсеа буданд, пас аз ба қудрат расидани Ҳасан Рӯҳонӣ мизони ин ҳамкориҳо то андозае коҳиш ёфтанд.

Аммо дар моҳи декабри соли 2015 пас аз ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон дар як конфронсе дар Эрон равобит миёни ин ду кишвар сард шуд. Мақомоти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҲНИТ дар ин кишвар ҳизби террористӣ эълон шудаасту Эрон аз раҳбари ҳизб  хуш истиқбол мекунад.

Ҳамчунин, аз тариқи пахши наворҳо тавассути телевизиони давлатӣ ҷониби Тоҷикистон Эронро дар тарҳрезии қатли чеҳраҳои шинохтаи кишвар дар замони ҷанги дохилӣдар даҳаи 1990 муттаҳам кард. Аммо Эрон ин иддаоро рад кард.

Эрон ба навбати худ даъво дошт, ки миллионҳо доллар пули соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон ворид шуда ва ҳоло сарнавишти ин маблағҳо маълум нест.

Аз сӯи дигар, мақомоти Эрон дар бад шудани равобит бо Тоҷикистон “кишвари сеюм”-ро муттаҳам мекунанд, ки манзурашон Арабистони Саудӣ аст, яке аз рақибони асосии Эрон дар Ховари Миёна ҳисоб меёбад.

Вале дар соли ҷорӣ нишонаҳое аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Эрон ба чашм мехурад.

Нахуст сафирони Эрону Тоҷикистон иваз шуданд. Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи апрел сафири ин кишвар дар Теҳрон таъйин шуд.

Дар моҳи март Муҳаммадтақӣ Собирӣ ба ҷойи  Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Ниҳоят, сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Эрон ва мулоқотҳояш бо мақомоти ин кишвар баёнгари он аст, ки зоҳиран ҳарду кишвар ба марҳилаи бозбинии равобит ва беҳбуди муносибот ворид мешаванд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни ишора ба нишонаҳои беҳбуди равобити Тоҷикистон бо Эрон ибрози умедворӣ кард, ки дар соли ҷорӣ бино ба даъвати Тоҷикистон Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти  таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) дар Душанбе ширкат кунад.

Нуктаи муҳими дигар дар ростои талошҳо барои беҳбуди равобит ин аст, ки хабаргузории нимарасмии Форси Эрон мусоҳибаеро бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ аз сафҳааш гирифтааст. Мусоҳибаи муфассал бо Кабирӣ рӯзи 1 июн дар сомонаи ин хабаргузорӣ мунташир шуда, дар пайи дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо президент ва вазири корҳои хориҷии Эрон ба ҷойи линки мусоҳибаи Кабирӣ эълони “Хабари мавриди назари шумо ёфт нашуд” пайдо шудааст.

Мардони Муҳаммад, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *