Сафари дохилию хориҷии ҳунармандони Тоҷикистон танзим мешавад
Дар Тоҷикистон қонуни нав дар бораи фарҳанг мавриди амал қарор гирифта, қонуни қаблӣ беэътибор шуд. Банде аз қонуни нав марбут ба сафари ҳунармандон аст.
Сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумат ба танзим дароварда мешаванд.
Ин нукта дар моддаи 51-уми қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи фарҳанг таъкид шудаст, ки ахиран мавриди амал қарор гирифт.
Дар ин модда, ки марбути сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида мебошад, таъкид шудааст, ки барномаи гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мувофиқа карда мешавад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодҳое садо дода буданд, ҳунармандоне, ки дар хориҷ ба намояндагӣ аз кишвар мераванд, барномаи сазоворе пешниҳод созанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ