Сафармамадзода: Илм тайёр аст бо бизнес ҳамкорӣ кунад!

Ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода Сафармамад Муборакшо мегӯяд, ки олимони ДМТ омода ҳастанд, ки бо корхонаи саноатӣ ва тиҷоратии кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Номбурда дар нишасти матбуотии ДМТ ба саволи хабарнигорон дар мавриди пайвастани илм ба истеҳсолот гуфт, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратиро зарур аст, ки ба олимон муроҷиат кунанд ва аз патенсиали назариявиву ихтирооти онҳо истифода намоянд.
“Имрӯз илм омода аст, ки бо саноат ва бо бизнес ҳамкорӣ кунад. Бояд соҳибкорон ба мутахассисон муроҷиат намоянд”-гуфт, номбурда.
Сафармамадзода ҳамчунин гуфт, ки феълан олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Корхонаи алюминии тоҷик ва бо ҶДММ “Талко Кемикал”-и ноҳияи Ёвон ҳамкорӣ доранд.
“Ҳамчунин, олимони Маркази биотехнологии мо бо хоҷагии деҳқонии “Неъмат Ҳоҷиева”-и шаҳри Турсунзода ҳамкорӣ доранд. Ин хоҷагии ангурпарварӣ аст. Солҳои охир як навъи ҳашарот ба токзорҳояшон зарар мерасонад. Олимони мо барои рафъи ин мушкил даъват шуданд ва ҳамкориашон самар меорад” – гуфт, Сафармамадзода.
Ҳамчунин, номбурда хабар дод, ки дар соли 2023 олимони ДМТ 12 патент ва 4 гувоҳномаи ихтироот ба даст овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *