Сафаров даргузашт

Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар синни 67 даргузашт. 

Наздикони Сафаров гуфтаанд, ки  ӯ соати 01:00-и шаби гузашта реҳлат кардааст. Ба гуфтаи онҳо, Сафаров чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Намози ҷанозаи Сафар Сафаров зуҳри имрӯз, 21 октябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе хонда мешавад ва ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок месупоранд.

Сафаров аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон буд ва моҳи декабри соли 2014 дар Анҷумани 12-уми ҳизб аз ин симмат барканор шуд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд. Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Дорандаи ордени «Шараф» ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *