Сафедсози терроризм 2 сол ҳабс шуд

Додгоҳи низомии ҳавзаи шарқи дури Русия як ҷавони тоҷикро дар сафедсозии терроризм дар масҷиди вилояти Кемерова гунаҳкор дониста, 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Анастасия Пикулина, сухангӯи Раёсати Хадамоти федералии амният дар вилояти Кемерова ба расонаҳои русӣ гуфтааст, зимни мурофиаи додгоҳӣ маълум шуд, ки Кабиров дар суҳбат бо намозгузорони масҷид аз амали созмони мамнӯи “ДИИШ” ҳимоят кардааст: “Инчунин дар суҳбат бо донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Кемерова барои сафедсозии “ДИИШ” изҳори назар кардааст”.

Пикулина афзудааст, ки гуноҳи Кабиров дар додгоҳ исбот гардид ва ӯ ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *