Сафи генералбонувони тоҷик зиёд шуд (аудио)
Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 3 нафар бонувони мақомоти адлия ба рутбаҳои генералӣ шарафёб гардиданд.
Нигина Ализода — муовини якуми вазири адлияи Точикистон бо рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, генерал-лейтенант, Сироҷзода Саодат — сардори Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Тоҷикистон бо рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майор ва Раҳматзода Мамлакат — сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд бо рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майор қадрдонӣ шуданд.
Ин қадрдонӣ дар ростои ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, бо Саодат Амиршоева, собиқ вакили парлумон ва Барно Сайвализода, сардори Хадамоти иҷро сафи генералбонувони тоҷик ба 5 нафар расид. Ҳолномаи се бонуи баландмақоми адлия расонаӣ нест. Аммо маълум аст, ки собиқадори соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, солиёни зиёд дар мақомоти адлияи кишвар кор мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ